64. Бигӯ: «Эй аҳли китоб,(1) биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо, баробар аст ва он иборат аст, аз ин ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ насозем (мисли бут, салиб, тоғут ва ғайра..) (2) ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба худоӣ нагирад. Эй мӯъминон агар онон рӯйгардонанд, ба аҳли китоб бигӯед, шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем.
____________________
1. Яҳуду насоро 2. Тафсири Ибни Касир 2/56