37. Ва ту эй Расул, ба он мард (Зайд ибни Ҳорис)(1), ки Аллоҳ неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ,(2) гуфтӣ: «Занат (Зайнаб бинти Ҷаҳш)-ро барои худ нигаҳ дор ва аз Аллоҳ битарс».
Дар ҳоле ки дар дили худ, он чизро,(3) ки Аллоҳ ошкоркунанда аст, махфӣ дошта будӣ ва аз мардум метарсидӣ, ки бигӯянд Муҳаммад зани талоқ кардаи писархондаашро ба занӣ гирифт, ҳол он ки Аллоҳ аз ҳар каси дигар сазовортар буд, ки аз Ӯ битарсӣ. Пас, чун Зайд аз ӯ ҳоҷати хеш бигузошт, (талоқаш дод) ба ҳамсарии туаш даровардем, то намуна шавӣ мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони писархондагони худ, агар ҳоҷати хеш аз ӯ бигузорида бошад, (агар ӯро талоқ карда бошад) манъе набошад. Ва ҳукми Аллоҳ шуданист.(4)
____________________
1. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам пеш аз нозил шудани ояти "писархондагӣ" ӯро ба худ писархон карда буд, пас аз нузули оят ӯро бо номи падараш хонд. 2. Яъне, озодаш кардӣ ва ӯро зан додӣ. 3. Яъне, он чиро, ки Аллоҳ ба ту ваҳй фиристода буд, аз талоқи Зайд занашро ва издивоҷи ту зани талоқ кардаи ӯро, яъне, Зайнабро. 4. Писархондагӣ ботил шуд, ки одати ҷоҳилият буд, сипас ба фармудаи Аллоҳ: "онҳоро бо номи падаронашон хонед". Тафсири Табарӣ 20 \ 275