3.       Ва кофирон(1) гуфтанд: «Моро қиёмат нахоҳад омад!» Бигӯ эй Расул барояшон: «Оре, савганд ба Парвардигорам,
ки донандаи илми ғайб аст, албатта, қиёмат шуморо хоҳад омад ва лекин ба ҷуз Аллоҳ касе дигар вақти омаданашро намедонад(2), ҳеҷ чиз аз назари Аллоҳ ғоиб нест, агарчи ба қадри заррае бошад, дар осмонҳову замин, ҳатто он чи ки хурдтар аз зарра ё бузургтар аз он бошад, ҳама дар Китоби мубин(3) омадааст»,
____________________
1. Мункиршавандагони рӯзи қиёмат. 2. Тафсири Табарӣ 20\349 3. Лавҳи Маҳфуз, он китобест, ки тамоми тақдири махлуқот аз аввал то охир дар он сабт шудааст.


الصفحة التالية
Icon