18.   Миёни онҳо (аҳли Сабаъ) ва деҳаҳое, ки баракат дода будем (ва он Шом аст), шаҳрҳое обод ва бо ҳам пайваста бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар муайян кардем. Ва ба онҳо гуфтем: «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед. Ва ҳеҷ хавфе намебаред аз душман ва на аз гуруснагӣ ва на аз ташнагӣ!»(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\388


الصفحة التالية
Icon