73.  Ва яҳудиён гуфтанд: бовар макунед, магар ба касе, ки пайравии дини шумо кунад. Эй Паёмбар, бигӯ: "Ҳидоят, ҳидояти Аллоҳ аст". Гуфтанд: ин ки ба дигарон ҳамон чизҳое, ки
ба шумо дода шудааст аз илм; ба мусалмонон нишон надиҳед, то ки аз шумо ёд гирифта ва аз шумо болотар шаванд ё фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо муноқаша кунанд. Бигӯ эй Паёмбар: "Фазл ва бахшиш дар дасти Аллоҳ аст ва онро ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ фарохнеъмати доност."


الصفحة التالية
Icon