5. Эй мардум, ваъдаи Аллоҳ дар бораи қиёмат ва савобу азоб ҳақ аст. Зиндагии дунё (лаззат ва шаҳватҳояш) шуморо нафиребад ва он шайтони фиребанда шуморо дар бораи Аллоҳ(1) нафиребад.
____________________
1. Яъне, шайтон дар дили шумо меандозад, ки даргоҳи Аллоҳ васеъ, Ӯ омурзандаи гуноҳон ва бахшояндаи меҳрубон аст, ба ин сабаб бепарво шуда даст ба маъсият мезанед.