8. Оё он ки кирдори бадаш дар назараш ороста шуда, пас онро нек ва зебо мебинад, монанди мӯъмини шоистакор аст? Пас, охират азоби сахтест ва барои касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, омурзиш аз гуноҳҳояшон ва савоби бузургест. Ва он ҷаннат аст. Аллоҳ, ба таҳқиқ, ҳар киро бихоҳад бероҳ гардонад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад ҳидоят кунад, ҳидоят мекунад. Набояд ки ҷони ту ба хотири онҳо дучори ғаму андӯҳ шавад. Албатта, Аллоҳ ба корҳои баде, ки мекунанд, огоҳ аст ва ба бадтарин ҷазо гирифторашон мекунад(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\442


الصفحة التالية
Icon