10. Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, аз Аллоҳ талаб намояд ва бидонад, ки иззат ҳама аз они Аллоҳ аст ва ҷуз бо итоат ва пайравӣ аз Ӯ ба даст намеояд. Сухани хушу пок мисли тиловати Қуръон ва тасбеҳ ва зикри Аллоҳ ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои он мушрикҳо, ки аз рӯи макр ба фасодкорӣ мепардозанд, азоби сахтест ва макрашон низ аз миён меравад.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\446