18. Ва ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар шахси гаронборе касеро барои бардоштани бори гуноҳи худ талаб кунад, чизе аз он бори гуноҳ бардошта намешавад, ҳарчанд аз хешованди наздики ӯ бошад. Ҳароина, ту фақат касонеро метарсонӣ, ки Парвардигорашонро нодида метарсанд ва намози фарзшударо дар вақташ мегузоранд. Ҳар кӣ аз ширк пок шавад ва тақво пеша кунад, албатта, барои худ пок
шудааст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Аллоҳ аст ва ҳар якеро мувофиқи кирдорашон ҷазои муносиб хоҳад дод.(1).
____________________
1. Тафсири Табарӣ 20\456