32. Сипас баъди ҳалоки умматҳо китоби Қуръонро ба касоне аз бандагонамон, ки баргузида будем (яъне, уммати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам), ба мерос додем. Баъзе бар худ ситам карданд ва баъзе роҳи миёнаро баргузиданд ва баъзе бо фармони Аллоҳ дар корҳои нек пешво ҳастанд. Ва ин аст бахшоише бузург!