45.    Ва агар Аллоҳ бихоҳад,
мардумро ба сабаби корҳои баде, ки кардаанд, фавран бозхост кунад, бар рӯйи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад ва лекин Аллоҳ бо лутфу карами Худ ҷазои онҳоро то замоне муайян (рӯзи қиёмат) ба таъхир меандозад ва чун муддаташон тамом шуд, албатта, Аллоҳ ба аъмоли бандагони хеш огоҳ аст ва аз гуфтору кирдор ва пиндори онҳо бохабар аст, аз ин рӯ, чунон ки сазовор аст, подоши аъмолашонро медиҳад!


الصفحة التالية
Icon