78.  Ва аз миёни яҳудиён гурӯҳе ҳастанд, ки забони хешро дар вақти хондани китоб каҷ мекунанд, (1) то гумон кунед, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби (2) Аллоҳ аст, дар ҳоле, ки аз китоби Аллоҳ нест. Ва мегӯянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ ба Мӯсо омадааст, ҳол он ки аз ҷониби Аллоҳ наёмадааст. Барои дунё шуда дониста бар Аллоҳ дурӯғ мебанданд.
____________________
1. Яъне, аз худ ғалат соҳта, дар китоб мехонанд
2. Яъне, Таврот


الصفحة التالية
Icon