84.    Бигӯ ба онон эй Расул: «Ба Аллоҳ бовар кардем ва моро маъбуде гайр аз Ӯ нест ва ба он чи бар мо нозил шудааст ва он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ (Яъқуб) (1) ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама ба рубубият ва улуҳияти Парвардигорамон иқрор ҳастем ва таслими иродаи Ӯ ҳастем».
____________________
1. Онон дувоздаҳ нафар буданд аз қабилаҳои бани Исроил. Тафсири Ибни Касир 2\70


الصفحة التالية
Icon