93. Ҳамаи таомҳои пок қабл аз нозил шудани Таврот барои бани Исроил ҳалол буд, ба ҷуз чизҳое андаке, ки Яъқуб (алайҳиссалом ба сабаби бемориаш) барои худ ҳаром карда (1) буд. Вале Аллоҳ ба сабаби ситамкории бани Исроил баъзе таъомҳоеро, ки барои онон ҳалол буд, ҳаром гардонид; Бигу: «агар ростгу ҳастед, пас, Тавротро биёвареду бихонед.
____________________
1. Шир ва гӯшти шутур, Тафсири Бағавӣ 2\68