3. Огоҳ бош, ки дини холис ва пок аз ширк аз они Аллоҳ аст ва касоне, ки ба ҷои Аллоҳ дӯстон ва ёвароне гирифтаанд, мегӯянд: «Инҳоро аз он рӯ мепарастем, то моро ба Аллоҳи якто дар мартаба наздик созанд ва шафоат расонанд. Ва ҳароина, Аллоҳ дар он чи аз ибодатҳояшон ихтилоф мекунанд, рӯзи қиёмат миёнашон доварӣ хоҳад кард ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод.
Ҳароина, Аллоҳ дурӯғгӯву носипосро ба роҳи рост ҳидоят намекунад.