6. Эй мардум, шуморо аз як тан биёфарид, ки ӯ Одам аст. Ва аз он як тан занаш Ҳавворо офарид. Ва бароятон аз чорпоён ҳашт ҷуфт биёфарид: (нару мода аз шутур, гов, гӯсфанд ва буз). Шуморо дар шиками модаронатон дар чанд марҳала(1) дар даруни торикиҳои сегона(2) офариниш бахшид. Ин Аллоҳи якто, ки ҳама ин чизҳоро биёфарид, Парвардигори ҳақиқӣ ва маъбуди шумост. Фармонравоӣ дар дунёву охират аз они Ӯст. Аллоҳе барҳақ ҷуз Ӯ нест. Пас, чӣ гуна аз ибодати Вай ба сӯи парастиши дигарон баргардонда мешавед?(3)
____________________
1. Дар марҳалаи аввал онро ба шакли нутфа, сипас ба хуни баста, сипас ба гӯштпора, сипас дар ӯ устухон меофаринад ва он гоҳ бар устухонҳо гӯшт мепӯшонад. 2. Торикии шикам, торикии раҳм ва торикии бачадон. 3. Тафсири Ибни Касир 7\87