8. Чун ба одамӣ дарду ранҷе бирасад, ба Парвардигораш рӯй меоварад ва Ӯро бо дуо мехонад, то ранҷу сахтиеро, ки бар ӯ фуруд омадааст дафъ кунад. Он гоҳ чун ба ӯ неъмате бахшад, ҳамаи он дуоҳоро, ки пеш аз ин карда буд, аз ёд мебарад ва барои Аллоҳ ҳамтоёне қарор медиҳад, то мардумро аз роҳи Аллоҳ гумроҳ кунад. Бигӯ эй Расул барояш: «Андаке аз куфрат баҳраманд шав, то фаро расидани аҷалат, ки ҳароина, ту аз дӯзахиён хоҳӣ буд!»(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\720