15. Пас, шумо ҳам эй мушрикон, ҳар чиро ғайр аз Ӯ мехоҳед, ки бипарастед, бипарастед аз бутҳо ва дигар аз махлуқоти Ӯ, вале чизе аз он маро зарар намерасонад.»(1) Бигӯ: «Ҳароина, зиёнкорон дар ҳақиқат касоне ҳастанд, ки дар рӯзи қиёмат худ ва хонадонашонро зиён расондаанд. Ва ин ба он сабаб буд, ки аз имон рӯй бартофтанд ва худро дар гумроҳӣ андохтанд. Огоҳ бошед, ки ин ҳамон зиёни ошкор аст.(2)
____________________
1. Ин дастур барои таҳдид ва сарзаниши онҳост. 2. Тафсири Табарӣ 21\271