74. Ва мӯъминон мегӯянд: «Сипос Аллоҳеро, ки ҳар ваъда, ки бар забони паёмбаронаш ба мо дод, рост гардонид.(1) Он сарзамини биҳиштро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Пас чӣ некӯ аст подоши амалкунандагоне, ки дар тоати Парвардигори хеш саъю кӯшиш намуданд!(2)
____________________
1. Яъне, ваъдаашро ба ҷо овард. 2. Тафсири Табарӣ 21\342