10. Бегумон касоне, ки куфр варзидаанд ва маъбуди барҳақро инкор кардаанд дар рӯзи қиёмат ҳангоме, ки ба дӯзах ворид шаванд, дар ин ҳангом нигаҳбонони ҷаҳаннам барояшон нидо мезананд, ки: ҳаққо, ки хашм ва душмании Аллоҳ дар дунё аз хашм ва душмании шумо дар ин рӯз нисбат бо худатон бузургтар ва бештар аст. Зеро ба сӯи имон даъват мешудед, пас шумо инкор мекардед.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\732