12. (Ба кофирон гуфта мешавад): Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Аллоҳро ба яктоӣ ва ихлоси амал мехонданд, шумо инкор мекардед ва агар барои Ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон меовардед. Пас, фармон аз они Аллоҳ аст. (Ӯ ҳоким аст дар халқаш, одил аст, ки зулм намекунад, ҳидоят мекунад, касеро, ки мехоҳад ва гумроҳ мекунад касеро, ки мехоҳад ва касеро, ки хоҳад раҳм мекунад ва касеро, ки бихоҳад азоб медиҳад.) Нест маъбуди барҳақ ба ҷуз Ӯ, баландмартабаи бузург аст.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\134