28. Ва марди мӯъмине аз хонадони Фиръавн, ки имонашро аз қавми худ пинҳон дошта буд, гуфт:
Оё куштани мардеро раво медоред, ки мегӯяд, Парвардигори ман Аллоҳи барҳақ аст ва бо далелҳои равшан аз ҷониби Парвардигоратон омадааст, мекушед? Агар Мӯсо дурӯғ мегӯяд, гуноҳи дурӯғаш бар гардани худи ӯст ва агар рост мегӯяд, баъзе аз ваъдаҳое, ки додааст, ба шумо хоҳад расид. Албатта, Аллоҳ ҳеҷ таҷовузкори дурӯғгӯеро, ки ҳақро тарк намуда рӯй ба ноҳаққи меоварад, ҳидоят намекунад!