51. Яқинан, Мо ёрӣ мекунем паёмбарони худ ва касонеро, ки имон овардаанд дар зиндагии дунё ва низ ёрӣ мекунем дар рӯзи қиёмат, ки гувоҳон аз фариштагон, паёмбарон ва мӯъминон барои гувоҳӣ додан бар умматҳое, ки паёмбарони худро дурӯғ бароварданд барпой мехезанд, ва ту низ эй Муҳаммад, гувоҳӣ медиҳӣ, ки паёмбарон рисолати Парвардигорашонро ба умматонашон расонданд ва умматҳояшон онҳоро тасдиқ накарданд.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\402