56.   Ба ростӣ, касоне, ки дар оёти Аллоҳ бе он ки ҳуҷҷате барояшон омада бошад ба гумонҳои фосиду ботил муҷодала мекунанд ва мехоҳанд бо ботиле, ки бо худ доранд бар ҳақ бартарӣ ҷӯянд, дар синаҳои онҳо ҷуз кибр нест ва ҳасадбаранда ҳастанд бар фазлу каромате, ки Аллоҳ ба паёмбараш додааст, вале ба он мақсад нахоҳанд расид. Пас, ба Аллоҳ паноҳ бибар, ки албатта, Ӯ бисёр шунаво аст ба гуфторашон, биност ба кирдорашон ва ҳар якеро ҷазои муносиб хоҳад дод!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21\404


الصفحة التالية
Icon