44. Ва агар ин Қуръонро (эй паёмбар) ба забони Аҷам (ғайри араб) мефиристодем, ҳароина, мушрикон мегуфтанд: «Чаро оёташ ба равшанӣ баён нашудааст то, ки онро бифаҳмем? Китобе бо забони Аҷам ва паёмбаре араб?» Бигӯ ба онҳо эй паёмбар: «Ин Қуръон барои онҳое, ки имон оварданд ҳидоят аз гумроҳӣ ва шифо аз шаку шубҳа аст. Ва касоне, ки имон намеоранд ин Қуръон вазнинии гӯшҳояшон ва кӯрии чашмонашон аст, пас ҳидоят намеёбанд. Ҳоли он мушрикон ба мисли онҳоест, ки онҳоро аз ҷои дур нидо мекунанд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/482


الصفحة التالية
Icon