47.      Сӯӣ Аллоҳи ягона бармегардад илми вуқӯъи қиёмат (яъне, соати барпошавии қиёматро танҳо Аллоҳ медонад). Ва ҳеҷ мевае аз ғилофи хеш берун намеояд ва ҳеҷ модае ҳомила намешаваду намезояд, магар он ки Ӯ таъоло ба он огоҳ аст. Ва рӯзи қиёмат, ки Аллоҳ мушриконро нидо диҳад, ки шарикони Ман куҷоянд(1)? Гӯянд: «Огоҳат кардем, ки нест ҳеҷ касе аз мо хувоҳӣ диҳад, ки Ту бо худ шарике дорй ва имрӯз мо ҳама яктопараст ҳастем!
____________________
1. Яъне, онҳоеро, ки дар ибодати Ман шарик мекардед. Тафсири Табарӣ 21/488


الصفحة التالية
Icon