50.      Агар пас аз ранҷе, ки ба инсон расида, раҳмате ба ӯ бичашонем, шукри Аллоҳ намекунад, балки гуноҳ карда мегӯяд: «Ин ҳаққи ман аст ва бовар надорам, ки қиёмат барпо шавад(1). Ва агар ҳам маро назди Парвардигорам баргардонанд, албатта назди Ӯ ҳолате хуштар (ҷаннате бароям) бошад». Пас, ҳатман, кофиронро рӯзи қиёмат ба аъмоле, ки кардаанд, огоҳ мекунем ва ба онҳо азоби сахте мечашонем.(2)
____________________
1. Яъне, ба рӯзи (баъс) аз нав зинда шудан бовар надорам. 2. Тафсири Табарӣ 21/491


الصفحة التالية
Icon