53.      Ба зудӣ, нишон хоҳем дод ба ин мункирон нишонаҳои қудрати худро аз футуҳот ва зоҳир шудани Ислом дар атрофи олам ва дар вуҷуди худашон, то барояшон возеҳу равшан шавад, ки ҳароина, Қуръоне, ки аз назди Парвардигори оламиён ваҳй шудааст, ҳақ аст. Оё кофӣ нест барои онҳо гувоҳии Парвардигори ту бар ин, ки Қуръон ҳақ аст ва касе, ки онро овардааст ростқавл аст. Пас ба дурустӣ, Ӯ таъоло шоҳидӣ додааст ба ҳақ барои ӯ. Ва Ӯ таъоло бар ҳама чиз шоҳид аст ва шаҳодати Ӯ таъоло аз ҳама шаҳодатҳо бузургтар аст.(1)
____________________
1.Тафсири Саъдӣ 1/752


الصفحة التالية
Icon