6. Ва касоне, ки ғайри Ӯро ба дӯстӣ ва сарпарастӣ, он гуна ки Аллоҳро ибодат мекунанд, гирифтаанд, Аллоҳ бар корҳои онҳо нигаҳбон аст, то дар рӯзи қиёмат онҳоро ҷазо диҳад ва ту эй Расул ба ӯҳдагиранда ва масъул бар амалҳои онҳо нестӣ. Балки ту танҳо бимдиҳандаӣ ва бар ӯҳдаи ту фақат расонидани паём аст ва ҳисоби онҳо бар Мост.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\752