11.     Аллоҳ офаридгори осмонҳову замин аст (ва падидоварандааст он дуро боқудрат ва хоҳиш ва ҳикмати худ.) Ва аз худатон барои шумо, ҳамсароне биёфарид. Ва низ аз чорпоён ҷуфтҳое падид овард (аз наринаву модина) ба ин васила. Бо сабаби офариниши ҳамсарон шумораатонро меафзояд.
Ҳеҷ чиз аз махлуқоташ на дар зот ва на дар номҳову сифоташ монанди Ӯ нест ва Ӯст, ки шунавову биност (ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагонаш бар Ӯ пӯшида нест ва ба ҳар яке ҷазои муносиб хоҳад дод!)(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 21/510


الصفحة التالية
Icon