14.     Ва гурӯҳ-гурӯҳ нашуданд, магар баъд аз илм ва огоҳӣ. Ва ин тафриқаҷӯй фақат ба хотири ситамгарӣ ва каҷравӣ дар миёни худашон буд. Ва агар Парвардигори ту аз пеш муқаррар накарда, буд, ки онҳоро то замони(1) муъайяне мӯҳлат аст, бегумон дар миёни онҳо доварӣ мешуд.
Ва бегумон касоне, ки баъд аз онҳо (яҳуду насоро) вориси китоби Аллоҳ(2) шудаанд, ҳароина, дар бораи он сахт ба шубҳа афтодаанд.
____________________
1. Ва он рӯзи қиёмат аст. 2. Таврот ва Инҷил.


الصفحة التالية
Icon