24. Ё ин мушрикон мегӯянд, ки Муҳамммад бар Аллоҳ дурӯғ мебандад. Эй Расул, агар ин корро анҷом диҳӣ, Аллоҳ бихоҳад, бар дили ту мӯҳр мениҳад. Ва Аллоҳ ба суханони худ ботилро маҳв мекунад ва ҳақро собит мегардонад. Сухани Аллоҳ тағйир ва табдил намеёбад ва ваъдааш хилоф намешавад. Ҳароина, Ӯ бар ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност ва чизе аз он бар Ӯ пинҳон намемонад!(1)
____________________
1. Тафсир Табарӣ 21\532