45. Он золимҳоро мебинӣ, эй Расул, ки ба ҷаҳаннам мебаранд. Тарсону хор аз гӯшаи чашм нигоҳе дуздида ба сӯи ҷаҳаннам мекунанд. Касоне, ки ба Аллоҳ ва
расулаш имон оварда буданд, дар рӯзи қиёмат мегӯянд: «Ин золимон худ ва аҳлашонро дар рӯзи қиёмат барбод доданд». Огоҳ бош, ки албатта, золимон дар азоби доим хоҳанд буд ва аз он ҷо барояшон роҳи халосӣ нест!(1)
____________________
1 Тафсири Ибни Касир 7\215