48.   Агар мушрикон аз имон овардан ба Аллоҳ рӯӣ гардонанд, туро эй Расул бар онҳо нафиристодаем, ки бар аъмолашон нигаҳбон бошӣ. Ба таҳқиқ, бар ӯҳдаи ту ҷуз расонидани пайғом, чизе дигар нест.
Ва Мо чун ба инсон аз раҳмати Худ ба ӯ саломатӣ ва тавонгарӣ бичашонем, шодмон мегардад ва агар ба хотири корҳои баде, ки кардааст, мусибате ба ӯ расад, монанди камбағалӣ ва касалӣ носипосӣ мекунад. Пас ҳароина, инсон носипос аст ва тамоми неъматҳоро фаромӯш мекунад фақат аз бало ёдоварӣ мекунад.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 7\216


الصفحة التالية
Icon