51.   Ҳеҷ башареро насазад, ки Аллоҳ бо ӯ сухан гӯяд магар аз тариқи ваҳй ё аз паси парда ё ин ки Аллоҳ фариштаеро(1) бифиристад, то ба фармони Ӯ ҳар чӣ бихоҳад, ба ӯ ваҳй кунад. Ҳароина, Ӯ баландмартабаи бузург аст: дар зот, номҳо, сифатҳо ва афъолаш ва ҳама махлуқот дар баробари Ӯ сари таслим фурудоварандаанд ва дар тадбири умури халқаш ҳаким аст!(2)
____________________
1. Мурод аз ин фаришта Ҷабраил алайҳиссалом аст. 2. Тафсири Саъдӣ 1\762. Дар ин оят исботи сифати каломи Парвардигор омадаст, ба ваҷҳе ки лоиқ ба зоти бузургии Ӯ дорад.


الصفحة التالية
Icon