65. Пас гурӯҳҳо байни худ ихтилоф карданд(1). Пас, вой бар ҳоли ситамкорон онон, ки Исоро чунин васф карданд аз азоби дардовари қиёмат!
____________________
1. Яъне, дар шаъни Исо ихтилоф карданд: Гурӯҳе ӯро банда ва паёмбари Аллоҳ меҳисобад ин ҳақ аст, гурӯҳе ӯро писари Аллоҳ меҳисобад ва гурӯҳе ӯро Аллоҳ меҳисобад. Аллоҳ пок аст аз ин гуфтаҳо.