13.   Ва он чиро дар осмонҳо аз офтобу маҳтоб ва ситорагон ва он чиро дар замин аст
аз ҷонварон, дарахтон ва киштиҳо ва ғайраҳо барои фоидаи шумо ром кард.
Ҳама аз они Ӯст. Ҳароина, дар ин нишонаҳо ва ҳуҷҷатҳое, ки бар ягонагии Аллоҳ далолат мекунанд, барои мардуме, ки андеша мекунанд, ибратҳоест.(1)
____________________
1. Тафсири ибни Касир 7\266


الصفحة التالية
Icon