18. Пас, туро эй Расул ба роҳи зоҳир аз дин (яъне, шариъат) андохтем. Пас, ба он роҳи шариъат бирав ва аз хоҳишҳои нодонон пайравӣ макун, ки онҳо шариъат ва аҳкоми динро намедонанд.(1)
____________________
1. Ин оят далел аст бар бузургии ин дин ва воҷиб аст бар мусалмон дар ҳукми Аллоҳ таслим шавад ва майл ба хоҳиши аҳли куффор накунад.