23. Оё дидаи касеро, ки ҳавову ҳавасашро чун маъбуди худ гирифт ва Аллоҳ бо вуҷуди огоҳӣ аз ҳаққу ботил, гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод то панду мавъизаеро нашунавад ва ҳидоятро дарк накунад ва бар дидагонаш парда афканд, то роҳи дурустро набинад? Агар Аллоҳ тавфиқу ҳидоят ба роҳи ҳақ накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? (Эй мардум!) чаро панд намегиред, то ҳақиқати ҳолро бидонед?(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7\245. Дар ин оят огоҳӣ аст барои мӯъминон, ки бо хоҳиши ҳаво ва ҳаваси худ амал накунанд.


الصفحة التالية
Icon