21.   Ва ба ёд биёвар эй паёмбар, бародари қавми Одро,(1) ки чун қавми худро дар Аҳқоф(2) аз омадани азоби илоҳӣ тарсонд ва ба ростӣ пеш аз ӯ паёмбароне буданд ва рафтанду пас аз ӯ паёмбароне омаданд, бо ин паём, ки ҷуз Аллоҳи якторо напарастед, ки ҳароина, ман аз азоби рӯзи бузурги қиёмат бар шумо метарсам ба сабаби ширк оварданатон.(3)
____________________
1. Яъне, паёмбари Аллоҳ Ҳуд (алайҳис салом)-ро, бародари насабӣ на динӣ. 2. Яъне, ҷануби ҷазираи Арабистон (регистонҳои Яман). Тафсири Саъдӣ 1/782 3. Тафсири Табарӣ 22\125


الصفحة التالية
Icon