26.   Ва ҳамоно ба қавми Од дар дунё чунон тавоноию қудрат дода будем, ки ба шумо надодаем эй куффори Қурайш. Барояшон хӯши, шунаво то бишунаванд ва чашмҳои бино то бубинанд ва дилҳо то дарк кунанд, қарор дода будем. Вале гӯшу чашму дилашон ба ҳолашон ҳеҷ фоидае накард,(1) чунки оёти Аллоҳро инкор мекарданд ва он азоберо, ки ба масхарааш мегирифтанд, онҳоро фаро гирифт.
____________________
1. Яъне, ин неъматҳоро дар роҳи гуноҳ ва ғазаби Аллоҳ истифода бурданд.


الصفحة التالية
Icon