12. Бегумон Аллоҳ касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд, ба биҳиштҳое, ки ҷӯйҳо аз зери қасрҳо ва дарахтони он ҷорист, дохил мегардонад.
Ва кофирон дар дунё баҳраманд мешаванд ва мехӯранд чун чорпоён бехабар аз саранҷоми кор ва ҷойгоҳашон оташ аст.