15. Васфи биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шуда, чунин аст, ки дар он ҷӯйборҳоест аз обҳое тағйирнопазир ва ҷӯйборҳое аз шире, ки таъмаш дигаргун намешавад ва ҷӯйборҳое аз шароб, ки барои нӯшандааш лаззат аст ва ҷӯйборҳое аз асали мусаффо. Ва онон
дар он ҷо ҳар гуна мева, ки бихоҳанд, барои онон ҳаст ва низ аз омурзиши Парвардигорашон бархурдоранд. Оё биҳиштиён монанди касоне ҳастанд, ки дар оташи дӯзах ҷовидонаанд ва ононро аз оби ҷӯшоне меошомонанд, ки рӯдаҳояшонро пора-пора мекунад?