32. Албатта, касоне, ки ба ягонагии Аллоҳ имон наёварданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ боздоштанд ва баъд аз он ки роҳи ҳидоят барояшон ошкор шуда буд, ки ӯ паёмбари бар ҳақ аст, бо паёмбар мухолифат варзидаанд, ҳаргиз ҳеҷ зиёне ба дини Аллоҳ нахоҳанд расонид ва Аллоҳ савоби аъмолашонро нобуд хоҳад кард. Зеро ба он амалҳо ризоияти Аллоҳро ирода накарда буданд. (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/186