11. Эй Паёмбар! Аз аъроби бодиянишин (онон, ки аз рафтан ба сӯи Макка бо ҳамроҳи ту қафокашӣ карданд,) ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву молу мулкамон моро аз баромадан бо ҳамроҳи ту боздоштаанд, пас барои мо аз Парвардигорат омурзиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯянд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Пас агар Аллоҳ бароятон зиёне бихоҳад ё нафъе бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Аллоҳ онро дигаргун кунад?» (На он тавр аст, ки мунофиқон мепидоранд, ин ки Аллоҳ таъоло он чизеро, ки дар дилҳояшон пинҳон мекунанд аз нифоқ намедонад.) Балки Ӯ таъоло огоҳ буд ба он чӣ мекардед. (Ҳеҷ чиз аз амалҳои бандагон аз Ӯ пинҳон намемонад!) (1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 22/211


الصفحة التالية
Icon