20. Ваъда дод шуморо Аллоҳ ба гирифтани ғаниматҳои бисёр, пас ин (ғаниматҳои Хайбар)-ро барои шумо зудтар фароҳам сохт ва боздошт Аллоҳ дасти душманонро (аз зиён расонидан) ба шумо, то бошад ин қазия (1) ибрате барои мӯъминон, то ҳидоят кунад Аллоҳ шуморо ба роҳи рост.(2)
____________________
1. Яъне, мағлуб шудани душман ва бо бозгаштани шумо.
2. Тафсири Табарӣ 22/232