26. Чун кофирон тасмим гирифтанд, ки дар дилҳои худ таъассуб, ҳамон таъассуби ҷоҳилиро ҷой диҳанд, (1) пас Аллоҳ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯ фиристод ва собит кард бар онҳо калимаи тақворо, ки он "Ло илоҳа иллаллоҳ" аст ва Паёмбар ва ёронаш ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Аллоҳ бар ҳар чизе доност!
____________________
1. Яъне, Аз рӯи тааъссуби ҷоҳилӣ рисолати Муҳаммад саллаллоху алайҳи ва салламро иқрор накарданд, аз ҳамин сабаб дар сулҳи Ҳудайбия навиштани "Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим"-ро қабул накарданд ва низ ин ибораро нанавиштанд: "Ин аст, он чӣ доварӣ кард Муҳаммад Расулуллоҳ". Тафсири Табарӣ 22/ 251