29. Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам), расули Аллоҳ аст ва касоне, ки бо ӯ бар дини ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва дар миёни якдигар меҳрубонанд. Онҳоро дар намозашон дар ҳолати рукуъ ва суҷуд мебинӣ ва умедвори фазлу хушнудии Аллоҳ ҳастанд, пас онҳоро ба ҷаннат дохил мекунад, ва аз онҳо розӣ мебошад.
Нишонаи дурусткории онҳо дар чеҳраҳояшон аз асари саҷда намоён аст.
Ин аст васфи онҳо дар Таврот ва дар Инҷил, ки чун киштзоре ҳастанд, ки ҷавона (хӯша) бизанад ва он ҷавона (хӯша) маҳкам шавад ва бар пояҳои худ биистад ва кишоварзонро ба ҳайрат андозад, то он ҷо, ки бисёрии онҳо ва зебоии манзарашон кофиронро ба хашм оварад. (1)
Аллоҳ аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд ба Аллоҳу расулаш ва корҳои шоиста кардаанд ва аз манъ кардаҳояш парҳез карданд, ба омӯрзиши гуноҳҳояшон ва мукофоти бузург (ҷаннат) ваъда додааст! (2)
____________________
1. Ин оят далел аст бар ин ки касе, ки саҳобагонро бад бинад, кофир мешавад, зеро бад дидани саҳобагон хашму ғазаби Аллоҳро ба вуқӯъ меорад. 2. Ваъдаи Аллоҳ ҳақ аст ва ҳар касе, ки пайравии саҳобагон кунад, пас ӯ низ дар ҳукми онҳост ва сазовори мағфират ва аҷри бузург мегардад. Дар фазлу бузургӣ ва камолот ҳеҷ кас аз ин уммат ба онҳо баробар шуда наметавонад. Аллоҳ аз онҳо розӣ аст ва онҳоро хушнуд гардондааст.