9.Ва агар ду гурӯҳ аз мӯъминон бо якдигар ба ҷанг бархостанд, миёнашон (бо ҳукми китоби Аллоҳ ва суннати расулаш) оштигӣ барқарор кунед. Ва агар як гурӯҳ бар дигаре дастдарозӣ кард ва қабул накард, бо он ки дастдарозӣ кардааст, биҷангед, то ба фармони Аллоҳ бозгардад. Пас, агар бозгашт, миёнашон сулҳи одилонае барқарор кунед ва адолат варзед, ки ҳароина, Аллоҳ одилонро дӯст дорад.(1)
____________________
1. Дар оят сифати муҳаббати Аллоҳ исбот шудааст, ҳамчунон ки лоиқ ба Зоти бузурги Ӯ мебошад.