11. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати ӯ амал намудаед гурӯҳе аз мардон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд.
Ва гурӯҳе аз занон гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва аз ҳам айбҷӯӣ макунед ва якдигарро ба лақабҳои зишт махонед. чӣ бад аст номи фисқ пас аз имон овардан.
Ва касоне, ки аз масхара кардан, айбҷӯӣ кардан ва ба лақаби зишт ном гирифтан тавба намекунанд, худ ситамкоронанд. (1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 7/344